Вохӯрӣ оид ба вазъи ҳуқуқӣ ва будубоши шаҳрвандон
19-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Москва вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо сардори Маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД Россия дар шаҳри Москва подполковники политсия Сафин Равил Саярович баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вазъи ҳуқуқӣ ва ба будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.