Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард

17-уми феврали соли 2025, тахминан соати 20:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Расулов Илҳомуддин Саймуртазоевич, соли тавуаллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Тоҷикистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, дучархарони ноболиғ Сатторов Шаҳром Фариддунович, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ Сатторов Ш.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда Расулов И.С. бо воситаи нақлиёт ба беморхона интиқол дода шуда, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
18-уми феврали соли 2025, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Бозоров Баҳриддин Солеҳович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомабилгарди маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Якубов Амиршо Ҷумабекович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Якубов А.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми феврали соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Иброҳимов Ҳикматулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Г.Юсуфоваи ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Сайларос”, таҳти идораи Гулмуродов Ҷовидон Қудратуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ибрагимов Ҳ. ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

19.02.2025 8:27
25