Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ вобаста ба манзили зист
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷат намудааст, ки моҳи марти соли 2024 марди 41-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ манзили истиқоматиашро ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.