Суғд: Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон»
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд. Дар ин раванд бо мақсади роҳ надодан ба ҳаргуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҷумҳурӣ мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолияти натиҷабахш дар мавқеъи ҳифзу риоя аз ҳуқуки инсон доранд. Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ҳамингуна ниҳоди босалоҳият маҳсуб меёбад, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2023 пешбурди фаъолияти Комиссияи мазкур ба зимаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шудааст.
Шуруъ аз даҳаи аввали моҳи феврали соли равон бо ташаббуси роҳбари Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон» бо ҷалби олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил ва баргузор шуда истодааст, то ин ки мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон муваффақ бошанд.
Дар марҳилаи аввал ташкили ингуна семинарҳои омӯзишии барои судяҳо пешбинӣ шуда, то ин дам бо иштироки судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи он, судяҳои шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Чорабинии навбатии омӯзишӣ рӯзҳои 18-19 феврали соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд дар конфронстолори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд барои судяҳои суди вилояти Суғд ва 18 шаҳру ноҳияи минтақа роҳандозӣ гардида, ҳамзамон дар семинари омӯзишӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ аз Академияи ВКД, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кормандони амалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД иштирок доштанд.
Тақвият додани таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба савдои одамон ва таъмини адолати судӣ нисбат ба қурбониёни савдои одамон, бо истифода аз меъёрҳои қонунгузорӣ, санадҳои байналмилалӣ, қарорҳои Плениуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи тафтишотӣ мақсади асосии чорабинии мазкур маҳсуб меёбад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар замони муосир савдои одамон бо шаклу намудҳое, ба мисли меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ зуҳур карда, объекти ингуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад. Бо истифода аз таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб инсон предмети хариду фурӯш ва аҳд мегардад, ки дар ин замина ҳуқуқу озодиаш поймол мешавад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин қабил ҷиноятҳо ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиаш вазнин ва махсусан вазнин эътироф шудаанд. Зеро ҳамчун поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва халалдоркунандаи суботи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа метавонанд ба низоми сиёсии давлат таъсир гузоранд. Аз ин лиҳоз дар дохил ва хориҷи кишварҳо ҷиҳати коҳиш додан ва пешгирӣ аз он чораҷӯӣ карда мешавад.
Дар ҷараёни семинар маърӯзаҳои илмӣ-таҳлилӣ аз ҷониби олимону коршиносон ироа гардид. Муқовимат ба савдои одамон дар заминаи санадҳои байналмилалӣ, муқаддима ба савдои одамон, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, омилҳои виктимологии пешгирии ҷиноятҳои савдои одамон, принсипҳои муошират бо қурбониён ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон, хусусиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муқовимат ба савдои одамон мавзӯъҳое буд, ки мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи пешбинишуда, яъне «Муқовимат ба савдои одамон» аз ҷиҳати назарияи қонунгузорӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҷрибаи тафтишотӣ ва баррасии судӣ ҳаматарафа таҳлилу муҳокима шуда, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти дар амалия рӯбарӯшуда ба маърӯзачиён саволҳо пешниҳод ва ҷавобҳои мушаххаси қонунан асоснок гирифтанд.
Илова бар ин, назару андешаи иштирокчиён оид ба мавзӯи баррасишаванда шунида шуда, ҷиҳати омӯзиш оид ба ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунанда ба ҳайати олимони дар семинар иштирокдошта якчанд пешниҳод манзур карда шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.