Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати роҳзанӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Турсунзода ворид гардидааст, ки 14-уми феврали соли 2024, тахминан соати 17:00, дар назди роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Турсунзода шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва истифодаи корд аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Виво” арзишаш 2 ҳазор сомонӣ, 1-адад кулоҳи варзишӣ арзишаш 50-сомонӣ ва 1-адад наушник арзишаш 150-сомонӣ, ки арзиши умумиашон 2 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 19, 22 ва ноболиғони 16, 17-солаи сокинони ҳамин шаҳр содир намудаанд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

17.02.2025 9:01
15