Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми феврали соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 18 ҳазор сомонӣ ва 500 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.