Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашина

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 19-уми апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри»-ро ба маблағи  92 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, аз ин маблағ 35 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 57 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 12-уми сентябри соли 2024 дар ҳудуди шаҳри Хучанд бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ 400»-ро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ тариқи ғайринақдӣ харидорӣ намуда, аз ин маблағ 45 ҳазор сомониашро дода боқимонда, 75 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи  247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.02.2025 9:50
29