Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ
13-уми феврали соли 2025 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2024 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, кофтуков ва истирдоди ҷинояткорон, гирифтани изи даст ҳангоми дастрас намудани маълумотнома доир ба доштан ё надоштани доғи судӣ, ҷаримаҳо барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ, ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, инчунин дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Дар интиҳои нишаст рӯзноманигорон барои хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба кормандони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии худро баён намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия.