Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо роҳбарияти Сарраёсати ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Челябинск

12-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Челябинск вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо роҳбарияти Сарраёсати ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри мазкур баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Челябинск Раҷабов Исломиддин Асоевич ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин шахсони дар кофтуков қарор дошта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ китоби тозанашри «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо забони русӣ ба роҳбарияти Сарраёсати ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Челябинск тақдим карда шуд.  
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, иштирокчиён сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мусбат арзёбӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

12.02.2025 13:53
93