Ошкор шудани қаллобии ҷавони 21-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми январи соли 2025 дар кӯчаи Фурӯзони ноҳияи Сино ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 225 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки як манзили якҳуҷрагӣ аз бинои навбунёд, воқеъ дар кӯчаи Қӯштеппаи ноҳияи Шоҳмансур гирифта медиҳад, аммо гумонбаршаванда, ваъдаашро иҷро накарда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.