Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши Паём дар машғулияти хизматӣ

Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар машғулияти навбатӣ ҷиҳати аз ҷониби ҳайати шахсӣ огаҳӣ ёфтан аз мазмуни мухтасари  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати олии кишвар тибқи нақша мавзӯи дарсиро вобаста ба омӯзиши Паём ташкил кард. Шарҳи мухтасари Паём дар маърузаи мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Киромиддин Мухторов ҳаматарафа таҳлил ва ба ҳозирин фаҳмонида дода шуд. 
Дар оғоз аз ҷониби муовини сардори Раёсат полковники милитсия Ҳотамшо Содиқзода зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали давлатӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ, рушти устувори самтҳои фаъолияти низоми давлатдорӣ ба мисли иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки барои давлати мустақил аҳамияти муҳим дорад. Дар он музаффариятҳо, камбудию мушкилотҳои ҷойдошта ва нақшаҳои навбатӣ возеҳу равшан дарҷ гардида, барои расидан ба қуллаҳои баланди ҳаёти осоишта дар ҳама соҳаҳои халқ инъикос ёфтааст. Инчунин, дар Паём вазифагузорӣ ва дастурҳои мушаххаси Роҳбари давлат барои рушди минбаъда таҷассум ёфтааст.
Дар маърузаи Киромиддин Мухторов нахуст бештар ба ҷанбаҳои ба самти фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нигаронидашудаи нуқтаҳои Паём таваҷҷуҳ карда шуд. Ҳамчунин роҷеъ ба авзои ҷаҳони муосир, мушкилоти ҷомеа вобаста ба амнияту субот, мухолифати сиёсии абарқудратҳо ва пешгирии таъсири он ба низоми давлатдории кишвар, чораандешиҳои  Ҳукумати мамлакат баҳри некуаҳволии мардум бо истифода аз андешаҳои таҳлилии асосноки аз Паём гирифта шуда суханронӣ сурат гирифт.
Олим ва коршинос ба ҷузъётҳои дастурии дар Паём ироагардида ба мисли рақамикунонии иқтисодиёт, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар истеҳсолот ва хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир ва рушди сармояи инсонӣ маълумот дода, иброз дошт, ки бо назардошти расидан ба нишондиҳандаҳои мазкур, яъне рушди илму техника ва технологияи иттилоотӣ ва рақобатпазирии мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва иноватсия» эълон намуданд. Воқеан ташаккули технологияи рақамӣ, огоҳӣ ва истифодабарии  он натанҳо аз ҷониби шаҳрвандон балки дар истеҳсолот имконият медиҳад маҷрои нави рушду тараққиёт мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло барад.
Тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ низ омили муҳими расидан ба ҳаёти осоишта, поймол нагаштани ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мебошад. Мавҷудияти ин ду хислат  шахсро метавонад бо ташаббусҳои созанда ба нафъи давлату миллат ҳидоят намояд. Перомуни ин мавзӯ низ мулоҳизаҳои қобили таваҷҷуҳи Президенти мамлакат аз ҷониби маърӯзачӣ матраҳ ва бо овардани иқтибос аз Паём шарҳу тавзеҳ карда шуд.
Ҳамзамон,  пешгирии ҷинояткорӣ, гумроҳӣ ва шомилшавӣ ба гуруҳҳои тундрав, сабабу омилҳои интихоби роҳи нодурусти зиндагӣ аз ҷониби ноболиғон, оқибати бетарафии ҷомеа муҳокима гардид. Гуфта шуд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва фарҳанги миллӣ бояд овони хурдсолӣ дар замири шаҳрвандон ҷой дода шавад, то ин ки худшиносу ватандӯст ба воя расида ҷоннисору пуштибони Ватан бошанд.
Дар маҷмуъ бо шунидани маърӯзаи мутахассиси соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд эҳсос намуданд, ки вазифадоранд барои тадбиқи нуқтаҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироагардида кӯшиш ба харҷ диҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин самт аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нақшаҳои корӣ таҳия гардидааст ва ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ масъул аст, баҳри таъмини осоиштагӣ ва ҳимояи Ватан саҳмгузор бошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

11.02.2025 15:07
39