Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нақлиётӣ дар як рӯз

10-уми феврали соли 2025, тахминан соатҳои 07:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев Асадулло Азамович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Ваҳдат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори чапи роҳ ба нишебӣ афтонидааст.
Дар натиҷа мусофирони дохили автомашинаи мазкур Ғоибов Ҷамшед Гурезович, соли таваллудаш 1978 ва Бахтиёри Хуршед, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ва ронанда Мирзоев А.А. бошад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
10-уми феврали соли 2025, тахминан соати 07:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола”, Саидов Бахтиёрҷон Ашурович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи поён”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Имомназарова Назира Якубовна, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард Имомназарова Н.Я. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
10-уми феврали соли 2025, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Гулмуродов Фирдавс Шерзодович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар деҳаи Обшорони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Алиева Фирӯза Ҷалиловна, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст, дар натиҷа Алиева Ф.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

11.02.2025 8:53
20