Ифшо шудани дуздии мототсикл
Ба ШВКД дар шаҳри Левакант аризаи марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми июли соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ як адад мототсикли истеҳсоли хориҷӣ, ки дар назди минтақаи Озоди шаҳри Левакант беназорат меистод, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 45-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.