Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар
5-уми феврали соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Эргашев Хуршед, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Қултаева Асина Иброҳимовна, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Қултаева А.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
7-уми феврали соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Муртазоқулов Комрон, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Ҷигдаи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Пулотов Саҳобҷон Мақсудович, соли таваллуда 1969, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Пулотов С.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
8-уми феврали соли 2025, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-астра”, Ашуров Шамсиддин Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар маркази деҳаи Булбулчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши воситаи нақлиёташ пиёдагарди ноболиғ, Раҷабов Муҳиддин Амриддинович, соли таваллудаш 2013, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Раҷабов М.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми феврали соли 2025, тахминан соати 19:00, Ҳусейнов Исмоил Қаюмович, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми дар деҳаи Навободи ноҳияи мазкур қарор доштанаш автомашинаи тамғаи номаълум ӯро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки дар натиҷа Ҳусейнов И.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21015”, Маҳкамов Мирзосолеҳ Усмонович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Турсунзода дастгир карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба самти ноҳияи Шаҳринав, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳринав содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.