Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии марди 40-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи июни соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада,  худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, бо баҳонаи аз ҳабс озод намудани бародараш аз ӯ 9 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4  моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.02.2025 9:05
14