Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо маорифчиён ва ҷавонони фаъол дар шаҳри Хуҷанд

Роҳбарияти Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида дар самти тарбия ва роҳнамоии наврасону ҷавонон ба амалҳои солеҳу созанда, пешгирии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ аз ҷониби онҳо бо аҳолии минтақа вохӯриҳои маърифатӣ – дастурӣ гузаронад. 
Санаи 30 январ дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони шуъбаи мазкур таҳти раёсати сардори шуъбаи ВКД подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло, раиси маорифи шаҳр Шаҳноза Мақсудзода бо иштироки директорони 52 МТМУ,  аъзоёни гуруҳи “Авангард”, роҳбарият ва нозирони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони милитсияи шаҳри Хуҷанд нахустин чунин мулоқоти судманд баргузор карда шуд. 
Суҳбат бо маорифчиён  ба он хотир роҳандозӣ гардид, ки дар таълиму тарбияи насли наврас мактаб нақши калидӣ дошта маҳз роҳнамоии омӯзгорон ва муҳити тарбиявии мактаб метавонад шахсиятро ба камол расонад. Ҷавонони фаъол низ бо бурдани корҳои ташвиқотӣ ва тарғибӣ тарзи ҳаёти солим дар байни ҳамсолон  дар ин раванд саҳмгузор шуда метавонанд.
Дар оғози мулоқот сардори шуъбаи ВКД масъалаҳои муҳими дар Паёми Пешвои миллат таъкид шударо ёдовари карда, аҳли ҷамъомадро ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди чинояткорӣ ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб даъват намуд. Халал наёфтани раванди таълиму тарбия, назорат ва аз мадди назар дур намондани хонандагон, барқарор кардани робитаи пайвастаи шохаҳои муҳими дар таълиму тарбияи наврасон манфиатдор  оила, мактаб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа дар маърӯза садо дод. Ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои хуб фаъолияти дастаҷамъона ба мақсад мувофиқ ва пайваста бурдани чорабиниҳои тарғиботӣ – солимгардонӣ таъкид рафт. Ҳамзамон вобаста ба вазъи ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, аз ҷумла ҷиноятҳои аз тарафи хонандагон ё ҳудуди мактаб содир шуда сардори милитсия ба ҳозирин маълумот дода зикр намуд, ки бетараф будан дар ин самт хавфи бероҳаву нобакор шудани наврасонро бештар менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба вобаста намудани кормандони милитсия ба мактабҳо, мунтазам ташкили мулоқоту суҳбатҳои тарбиявӣ бо хонандагон  ба манфиат дониста шуда кормандони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони шуъба баҳри назорату корбарӣ масъул дониста шуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ як зумра ҷавонони фаъол, ки мунтазам ҷиҳати пешгири аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тадбиқи барномаҳои давлатии солимгардонии ҷомеа ҳиссагузорӣ менамоянд бо Сипосномаи сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ  гардиданд.
Дар идома намояндаи ҷавонони гуруҳи “Авангард” ба сухан баромада, аз таваҷҷуҳ нисбати онҳо, дастгирии ҳамаҷониба аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамалакат ва сохторҳои давлатӣ изҳори миннатдорӣ ва зикр кард, ки аъзоёни гуруҳ кору пайкори худро танҳо барои пешрафту тараққиёти давлат, ободии Ватан ва ҳаёти шоиста хоҳанд гузошт.
Чорабинӣ бо шунидани таклифу пешниҳодҳо ва нақшабандии фаъолияти якҷоя ҷамъбаст гардид, ки ҳадафи он пеш аз ҳама тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва роҳнамоии насли ояндасоз ба тарзи ҳаёти солим мебошад.
Акбар Шарифӣ,  подполковники милитсия.

04.02.2025 17:19
46