Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нохуш дар як рӯз

2-юми феврали соли 2025, тахминан соати 12:40-дакика, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Хово», Эргашев Карим Шарифбегович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойи кораш ронандаи ҶДММ «Бобои Азизулло», ҳангоми ҳаракат намуданаш аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 47-300-ум, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ ба санги калонҳаҷми канори роҳи мошингард бархурда, автомашинаро чаппа намудааст. 
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи мазкур Эргашев К.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.  
2-юми феврали соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда CR-V», Назаров Муҳаммадамин Дилшодҷонович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳрохи “Душанбе-Хуҷанд” дар ҳудуди минтақаи ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Тошпулотов Муҳаммадҷон, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Спитаменро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ Тошпулотов М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

03.02.2025 9:13
33