Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба марди 68-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормакндони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 31-уми январи соли 2025, тахминан соати 16:40-дақиқа, дар ҳудуди кӯчаи М.Собироваи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо марди 68-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо истифода аз қубури оҳанин қасдан ба сари ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнин ба саломатиаш бардошта, ба беморхона дастрас ва бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.