Машварати байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар шаҳри Москва
29 январи соли 2025 дар шаҳри Москва машварати байниидоравии ҳайати намояндагони Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират, тартиби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ, забономӯзӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, бахусус масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, онҳо омодагии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар дораи муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия изҳор намуданд.
Гул Маҳбуба