Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани зани 49-сола бо ҷурми дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 49-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 13-уми январи соли 2025, тахминан соати 10:00 дар беморхонаи ҷамоати деҳоти И.Сомонии ноҳияи мазкур қарор доштанаш, бо мақсади дуздӣ бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи табобатии шиносаш зани 55-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гашта, 22 ҳазор рубли русӣ ва 1 ҳазору 950 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

29.01.2025 9:47
30