Таҳкими ҳокимияти давлатӣ
Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Ҳанӯз дар яке аз муроҷиатномаҳои нахустини худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи сиёсии мамлакат дар он рӯзҳо иҷрои вазифаҳои зеринро дар навбати аввал гузошта буд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем нахуст амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, фаъолияти милиса, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро таҳким бахшем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.
Бо дарназардошти ин зарурати таърихӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумат оид ба халъи силоҳ дар миёни гурӯҳҳои силоҳбадаст, мустаҳкам кардани фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои давлат, беҳбудии вазъи иқтисодии он ва ғайра як силсила қарорҳо қабул карда, онҳоро амалӣ намуд.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав ташкил ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин карда шуданд ва ҳамзамон садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешид.
Муҳимтарин дастоварди воқеан таърихии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, иборат аз он аст, ки вай дар кӯтоҳтарин муддат тавонист оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар Тоҷикистон хомӯш созад. Дар кори хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ кормандони милиса ва Кумитаи амнияти миллӣ саҳми бузург гузоштанд. Дар ноҳияҳои бар асари ҷанг тамоман харобшуда ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунӣ ва дигар сохторҳои танзимкунандаи зиндагии мардум таъсис ёфтанд ва фаъолияташонро дар шароити нави сиёсиву иқтисодӣ оғоз намуданд.
Дар натиҷа халқ бовар кард, ки Ҳукумат устувор гардидааст ва он қодир аст, ки амнияти ҷомеаро таъмин намояд.
Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, мӯътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ бетаъхир таъсис додани Артиши миллиро дар кишвар тақозо мекард. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодӣ роҳбарияти кишвар масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ таъмин намудани Артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳ ҳал намуд. Дар ин замина, пеш аз ҳама, ба масъалаи таъсис ва бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ, дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешуд.
Минбаъд таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ҳама давраҳои мушкили сохториро паси сар намуда, ба марҳалаи мувофиқ кардани сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расиданд. Дар ин давра тамоми кӯшишу талош барои сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, такмили маърифати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими Артиши миллӣ буда, ин сохтори бонуфуз низ зодаи истиқлолият аст. Ташкил ва такмилёбии Гвардияи миллӣ бевосита бо дастгирии Президент - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давраҳои истеҳкоми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад.
Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии кишвар дар шаҳри бостонии Хуҷанд яке аз нахустин иқдомҳои Сарвари давлат Фармон дар бораи таъсиси қисми ҳарбии 3571-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он 4-уми декабри соли 1992 ба имзо расид.
Тибқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми апрели соли 1993 баталёни таъиноти махсус (қисми ҳарбии 3571)-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бригадаи таъиноти махсус табдил дода шуд.
Бригадаи таъиноти махсус аз лаҳзаҳои аввалин аз озмоишҳои ҷиддӣ гузашта, сазовори боварии Сарвари давлат ва мардуми кишвар гардид.
Ҳамин буд, ки Президенти мамлакат бо Фармони худ аз 17-уми январи соли 1995 Бригади таъиноти махсусро ба Гвардияи Президентӣ табдил дод. Пас аз ду сол боз чор қисми ҳарбии Гвардия - дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд, шаҳраки Калинини шаҳри Душанбе ва шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун таъсис ёфтанд. Ба дӯши афсарону сарбозони Гвардия мисли ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ масъулияти вазнини он замон - нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ ва амнияти Тоҷикистон гузошта шуд.
Бояд зикр кард, ки хизматчиёни ҳарбии Гвардия аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифаи душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада, то имрӯз ба Ватан софдилона хизмат менамоянд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон афсарону сарбозони Гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ дар нигоҳ доштани тартиботу қонуният, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуда, даҳҳо нафари онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро қурбон кардаанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2004 Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил дода шуд. Ҳамчунин вазифаву принсипҳои асосии фаъолият, нишон ва рамзҳои фарқкунанда, инчунин масъалаҳои таъминоти моддиву техникии Гвардияи миллӣ муайян гардида, сохтори нави ташкиливу штатӣ ва номгузории қисмҳои ҳарбии он тасдиқ карда шуд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллӣ аз 26-уми январи соли 2004 ва ба тасвиб расидани Низомномаи Гвардияи миллӣ мақоми давлатии Гвардияро ҳамчун сохтори мустақил ва бевосита тобеи Президент, рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон тасдиқ кард. Ҳамин тариқ марҳалаи нави гузариш ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ оғоз гардид.
Гвардияи миллӣ воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президент-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои махсусан муҳими давлатиро ба зимма дорад.
18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқиву таърихӣ баргузор гардид, шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуда буд. Ин шарафи бузургро аз фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд.
Сарчашмаи дастовардҳои 15 соли гузаштаи Гвардияи миллӣ ва муваффақиятҳои ояндаи он натиҷаи хизмати шоистаи ҳайати шахсӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқат ба Президент, Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти коллективӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, инчунин сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷи дуру наздик машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ дар навбати аввал тадбирҳои зерин андешида шуданд: доир ба тоза кардани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ, судҳо, прокуратура, милиса, гумрук, андоз ва дигар мақомот аз шахсоне, ки бо қаллобию порахӯрӣ ба шаъну эътибори давлат иснод меоварданд, иқдомоти ҷиддӣ амалӣ гардида, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи Конститутсия танзим ва ба сафҳои онҳо кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд. Яъне фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи дифоъ аз тамомияти арзии кишвар ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус ҷинояткории муташаккилона ба таври қатъӣ пурзӯр карда шуд.
Вазъи шадиди Афғонистон, махсусан афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин воқеаҳои дигари ногувори сарҳадот, аз ҷумла убури ошӯбгарони мусаллаҳ аз марзи Тоҷикистон водор кард, ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Дар баробари андешидани ҳамаи чораҳои зарурӣ дар бобати ҳалли масъалаҳои фаъолияти қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон ва танзими сохторҳои он ҳифз ва таъмини амнияти минтақаҳои сарҳадӣ марҳала ба марҳала ба дӯши ин сохтори низомӣ вогузор гардид. Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва такмил дода шуд ва онҳо дар ҷараёни барқарорсозии сулҳ, пойдории давлат ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.
Бо иштироки бевоситаи кормандони мақомоти амният ва милиса аъзои дастаҳои ҷиноятпеша ва террорист, аз ҷумла Содиров Ризвон, Сангинов Раҳмон, Муаккалов Мансур ва дигарон несту нобуд карда шуда, аз онҳо ба миқдори зиёд аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид. Онҳое, ки нисбати Ю. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, М. Осимӣ, Ю. Никулин, С. Раҳимов, маркази миссионерии «Сонмин», ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ғайра амалҳои террористӣ содир карда буданд, ошкор ва аз тарафи мақомоти судӣ ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Аз ҷониби кормандони мақомоти амният кӯшиши содир намудани 3 амали даҳшатноки террористӣ дар шаҳри Хуҷанд пешгирӣ ва аз дохили автомашинаҳо 64 килограм маводи тарканда мусодира карда шуд. Дар ҳолати рух додани ин ҷинояти махсусан вазнин шумораи зиёди одамони бегуноҳ ҳалок ва маҷрӯҳ мегардид ва ба иқтисоди шаҳри Хуҷанд хисороти ҷиддӣ расонида мешуд.
Дар ҷараёни амалиёти муштараки мақомоти амният ва дигар сохторҳои низомии кишвар ба муқобили дастаҳои террористӣ, аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ноҳияи Тавилдара, гурӯҳи террористии Давлатов А. (Алии Бедакӣ) дар ноҳияи Рашт нобуд карда шуданд. Мусоидаткунандагон ва шарикони ҷинояткорон зуд ошкор ва боздошт гардида, аз ҷониби мақомоти судӣ ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шуданд.
Дар ин давра аз гардиши ғайриқонунӣ дар ҳудуди 20 тонна маводи мухаддир, 1200 автомат, 540 пулемёт, 480 гранатомёт, 980 адад минаҳо, 4050 норинҷак, зиёда аз 1 миллион адад тирҳои гуногунқутр, дигар муҳимоти ҷангӣ, техникаи низомӣ ва дар ҳаҷми махсусан калон маводи тарканда мусодира гардид.
Бо ибтикори мақомоти амният беш аз 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар даврони истиқлолият дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ як қатор корҳои вобаста ба такмилу азнавсозӣ анҷом дода шуданд, ки ин ҳама барои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим гузоштанд.
Бо дарназардошти хатари ҷиддие, ки вобаста ба қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2000-ум дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис дода шуд.
Дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратура вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки бар асари қонуншиканиҳои соли 1992 заиф шуда буданд, тағйироти ҷиддӣ ба амал омад ва дар шароити истиқлолияти давлатӣ доираи вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти прокуратура барои таъмини қонуният хеле васеъ шуд.
Мақомоти прокуратура яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, ин ниҳод пеш аз ҳама озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Прокуратура аз рӯи ваколатҳои конститутсионии худ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи махсус дорад. Риояи дақиқ ва иҷрои яксони қонунҳоро маҳз ҳамин сохтор назорат мекунад. Ин мақомот, сарфи назар аз вазъи душвори сиёсиву ҷамъиятии солҳои аввали истиқлолият дар мустаҳкам намудани қонунияту тартибот, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва мӯътадил гардонидани вазъи ҷомеаи кишвар саҳми муносиб гузоштаанд.