Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳмгузории собиқадорон милитсияи Суғд дар тарбияи насли ҷавон

Ҷаласаи навбатии кории Шӯрои собиқадорони мақомоти милитсияи Суғд бо иштироки  сардори Раёсат генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолият дар давраи сипаригаштаи соли 2024 баррасӣ ва нақшаи корӣ барои се моҳаи аввали соли 2025 аз ҷониби аъзоён ва раисони зерсохторҳои Шӯро қабул карда шуд. 
Дар оғоз барои хизмати арзандаи собиқадорон ба манфиати давлату миллат арзи сипос намуда, гуфта шуд, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ тарбиятгари насли ҷавон ва таърихи зиндаи қаҳрамониву шуҷоати чанд насли мақомот мебошанд. 
Оид ба корҳои анҷомдода дар самти вазифаҳои дар назди Шӯро вогузор шуда, аз ҷумла ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои нафақахӯрон ва собиқадорони милитсия, мусоидат дар бартарафсозии мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмаки тиббию моддӣ, иштирок дар тарбияи касбӣ ва инкишофи қобилияти насли ҷавони милитсия раиси Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники мустаъфии милитсия Алиҷон Ҳайдаров маъруза намуд.  Таъкид карда шуд, ки робитаи собиқадорон бо кормандони амалӣ имконияти хуб барои омӯзонидани малака ва таҷрибаи касбӣ ба насли ҷавони милитсия мебошад. Иштироки собиқадорон дар чорабиниҳо, номгузории кӯчаву мактаб ба номи собиқадорон, ташкили маросимҳои ёдбуду лавҳагузорӣ ва дигар коргузориҳо дар маърӯзаи таҳлилӣ садо дод. Дар баробари тарбия ва роҳнамоии кормандони милитсия собиқадорон дастур гирифтанд, ки вобасата ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, дар байни аҳолӣ корбарӣ намуда тарзи ҳаёти солимро тарғиб созанд ва ин самти фаъолият ба нақшаи корӣ ворид карда шуд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Маҳмадсафар Пирзода таҷрибаи бойи собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ хело назаррас арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки анъанаи роҳнамоиро идома диҳанд. Дар руҳияи садоқат ба Ватан ва Савганди хизматӣ тарбия кардани насли ҷавони милитсия ба иҷрои бомувафақонаи вазифаи хизматӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирии кирдорҳои зимдиҳуқукӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ таъсир хоҳад кард. 
Собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд мунтазам дар ҳолатҳои зарӯрӣ паҳлӯ ба паҳлӯ бо кормандони ҷавон истода кӯмаку ёрмандии худро дар самтҳои ошкору пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дареғ намедоранд. Дар таҷрибаи амалии фаъолияти милитсияи Суғд мисолҳои воқеъӣ ба мушоҳида мерасад, ки бо маслиҳату роҳнамоии собиқадорони соҳа кормандон дар иҷрои вазифаи хизматӣ муваффақ шудаанд. Хушбахтона ин анъанаи хизматӣ аз насл ба насл мегузарад.
Дар фарҷоми чорабинӣ фаъолияти назарраси собиқадорони милитсияи Суғд бо медалу Сипоснома қадршиносӣ карда шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳаёту фаъолияти собиқадарони милитсия мунтазам таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти МКД қарор дорад. Тамоми чораҳо андешида мешавад, ки собиқадорони милитсия дар муҳити солиму созанда давлати пирӣ ронанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

27.01.2025 17:16
66