Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содирнамуда
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки аз 19 то 25-уми январи соли 2025, зани 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ва апааш зани 39-солаи сокини ҳамон ҷо бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ошхонаи ҶДММ “Маҷмааи Шаҳринав”, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав 27 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи пирамарди 73-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи январи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 17 ҳазору 300 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Фархор содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.