Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ бо истифода аз корд
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 19-уми январи соли 2025, тахминан соати 23-40-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар назди мағозаи хӯроквории “Насим” дар ҳолати мастӣ қарор дошта аз ҳиссиёти авбошӣ, бо бародараш марди 27-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, бо корд 3-маротиба ба узвҳои бадани бародараш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми январи соли 2025, тахминан соати 01:00 ҳангоми дар маркази дилхушии “Шафран” қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур дарафтода, ӯро бо истифода аз корди хоҷагидорӣ ба қисмати шикамаш зарба зада, захмӣ намудааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.