Ҳалокати пиёдагарди ноболиғ дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ
23-юми январи соли 2025, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Султонов Зулқайнар Шодиевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи наклиёташ набаромада пиёдагарди ноболиғ Элмуродов Беҳрӯзҷон Хушриддинович, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Элмуродов Б.Х, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.