Тоҷикистон – яке аз давлатҳои амнтарини ҷаҳон
Маркази таҳлилии амрикоии «Gallup» дар пайи як назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст.
Ҷаҳонишавӣ ва равандҳои мухталифи он дар шароити муосир вазъеро ба вуҷуд овардаанд, ки масъалаи баррасии таъмини амнияти миллии давлатҳои алоҳида дар сархати фаъолияти марказҳои ташхисиву таҳлилӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гиранд. Чунончӣ, чанд рӯз пеш яке аз марказҳои таҳлилии маъруфи ҷаҳон бо номи «Gallup» натиҷаи як тадқиқоти худро, ки масъалаи таъмини амният дар ҷомеа ва давлатҳои муайянро дар бар гирифта буд, нашр кард. Дар раванди тадқиқот, ки аҳолии беш аз 142 кишвари ҷаҳон мавриди назарпурсӣ қарор гирифтаанд, онҳо аслан ба саволҳое посух додаанд, ки перомуни масъалаи оромиву субот дар ҷомеа буданд. Маркази таҳлилӣ дар натиҷаи гузориши худ кишвари Сингапурро дар ҷойи аввал ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зинаи дуюм ҳамчун давлатҳои амнтарин дар ҷаҳон эълон кард. Тавре таъкид шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста ба вақту соат дар шабонарӯз барои ҳифзи амнияти худ эҳсоси хатар накарданашонро иброз дошта, мунтазам муроҷиат намуданро ба муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ зарур намешуморанд.
Дар воқеъ, натиҷаи тадқиқоти чунин як маркази таҳлилии ҷаҳонӣ барои ҳар давлат хеле муҳим дониста мешавад. Зеро, дар шароити пурихтилофи вазъияти муосир, авҷи фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва тундрав, ки ҳамарӯза метавонанд хатар эҷод кунанд, дар сатҳи қобили таваҷҷуҳ таъмин кардани амнияти шаҳрвандон ва меҳмонон, нишондиҳанди кори шоистаи мақомоти амниятӣ ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза, танҳо ҳамон давлатҳо метавонанд истиқлоли худро ҳифз намоянд ва ҷомеаи амну босубот дошта бошанд, ки ба масъалаи таъмини амнияти миллии давлати хеш диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳони муосир соҳиби истиқлоли сиёсии хеш буда, дар амалӣ кардани сиёсати худ тамоми барномаву ҳадафҳоро маҳз барои рушди ҷомеа ва масъалаи таъмини амнияти миллии давлат равона кардааст. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо аз натиҷаи гузориши Маркази таҳлилии «Gallup» бори дигар хулоса кардем.
Мавриди таъкид аст, ки дар мақоми дуюми феҳристи давлатҳои амнтарини ҷаҳон қарор гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якчанд ҷиҳат барои давлати мо хушоянд аст. Пеш аз ҳама, ин аз натиҷаи сиёсати оқилона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Маҳз иродаи қавӣ ва устувори Сарвари давлати мо дар амалисозии сиёсати хориҷии кишвар рейтинги Тоҷикистонро дар арасаи ҷаҳонӣ баланд бардоштааст.
Дигар ҷиҳати хуби гузориши ин Марказ он аст, ки новобаста аз ҳамсарҳадӣ бо кишвари ноамни минтақа, он имиҷи сиёсии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд баланд мебардорад. Бахусус, дар давраи эълон шудани солҳои 2019 – 2021, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, талошҳо барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон, замонати амнияти ҳар нафар муҳим арзёбӣ мегардад. Воқеан, сайёҳон ба он ҷойҳое сафар менамоянд, ки эҳсоси амну оромӣ дошта бошанд. Аз тарафи дигар, ташрифи бештари сайёҳон ба давлати Тоҷикистон боиси афзоиши иқтисодиёти мамлакат гардида, дар баробари ин, барои муаррифии ҳар чи бештари фарҳангу тамаддуни қадимиамон ба ҷаҳониён, мусоидат менамояд.
Ниҳоятан, барои ҳар як фард, пеш аз ҳама, эҳсоси амну оромӣ хеле муҳиму зарурӣ мебошад. Мусаллам аст, ки дар ҳар давлате, ки оромиву субот бошад, дар он ҷо рушду тараққиёт низ дида мешавад. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки дар шароити пурихтилофи ҷаҳони муосир бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин оромиву осоиштагии давлати хеш шукргузор бошад ва барои рушди минбаъдаи ҷумҳуриамон дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барои рушди устувори ҷомеа, саҳми арзандаи худро гузорад.