Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани пирамарди 70-сола бо ҷурми расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия пирамарди 70-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 18-уми январи соли 2025, тахминан соати 17:00 дар хонаи истиқоматиаш бо мақсади расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба келинаш зани 40-солаи сокини шаҳри мазкур, ки гӯё ҷабрдида бо ҷодугарӣ машғул мебошад, таҳдиди куштан намуда, бо истифода аз тобдиҳак (отвёрка) якчанд маротиба ба сару рӯи ҷабрдида зарба задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.01.2025 8:19
34