Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марко Поло – бренди Тоҷикистон

Дар айни ҳол дар Тоҷикистон шумораи умумии гӯсфанди Марко Поло, ки бо сабаби зебо будани шохҳояш бештари сайёҳон онро «зебосанами тоҷик» ё «красавчик» меноманд, якуним ҳазор сар афзуда, 26 ҳазору 483 ҳазор сарро ташкил медиҳад. 

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатии Тоҷикистон тандиси гӯсфанди Марко–Поло /Ovis ammon polii/, ки дар Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳайвони нодир сабт гардидааст, гузошта шуда, ҳамзамон бо мақсади ҳифз ва афзун гардонидани саршумори гӯсфанди Марко Поло аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб Пажӯҳишгоҳи гӯсфанди Марко Поло таъсис дода мешавад.
Соли 2019 баҳисобгирии саршумори гӯсфанди Марко Поло, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва бузи пармашох дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб, қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазрати шоҳ, Оқтов, Сарсарак, Хоҷақозиён, Териклитов, кӯҳҳои Санглох ва парваришгоҳи Хуталон гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 26 ҳазору 483 сар гӯсфанди Марко Поло, 832 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва 2 929 сар бузи пармашох ба қайд гирифта шуданд.
Таҳлил бо истифода аз низоми иттилоотии ҷуғрофӣ нишон дод, ки зичии гӯсфанди Марко Поло дар 1 км2 аз 35 то ба 86 сарро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, то истиқлолияти ҷумҳурӣ шумораи Марко Поло тақрибан 12 ҳазор сарро ташкил менамуд. Соли 2015 шумораи Марко Поло ба 20-22 ҳазор расонида шуд.

Бояд гуфт, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бренди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар қатори дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Имрӯз ба шикори гӯсфанди Марко Поло бештар сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ дошта, 50-56 фоиз шикорчиён амрикоиҳо мебошанд. Квотаҳо асосан барои ҷалби сайёҳон ҷудо карда мешаванд. Гӯсфанди Марко Поло дар Ҷумҳурии Афғонистон, Чин ва Қирғизистон низ мавҷуд аст, вале зернамуди гӯсфанди Марко Полои Тоҷикистон зеботар буда, диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад.

 

30.03.2020 15:13
15