Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашинаи «Деу-Ланос»
16-уми январи соли 2025, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Ланос», Мирзобоев Мирзоҳалим Ҳакимович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Конибодом дар ҳудуди деҳаи Маҳрами шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашинааш пиёдагард Холмуродов Фурқат Исроилович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Конибодомро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Холмуродов Ф.И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.