Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба қаллобӣ задани марди 29-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз моҳи июн то моҳи сентябри соли 2024, ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба бовари марди 35-солаи сокини ноҳияи Ёвон даромада, бо мақсади равнақ додани тиҷорат аз ӯ  40 ҳазор доллари амрикоӣ ва 380 ҳазор сомониро гирифта ваъда додааст, ки маблағҳои мазкурро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо гумонбаршаванда ваъдаашро иҷро накарда, маблағи ба даст овардаи худро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

18.01.2025 8:57
18