Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани зани 33-сола бо гумони азонихудкунӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки бо фармони роҳбари ҶДММ “Металл инвест строй” аз 5-уми декабри соли 2023, ба ҳайси таъминотчӣ дар мағозаи “Райан”-и ҷамъияти зикршуда кору фаъолият намудааст, бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2024, аз соҳибкори инфиродӣ марди 43-солаи сокини шаҳри Ҳисор мувофиқи ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маҳсулотҳои мевагӣ ба маблағи 354 ҳазору 153 сомонӣ қабул намуда, ба мағозаи дар боло зикршуда ворид намудааст. 
Пас аз фурӯши маҳсулотҳои мевагӣ гумонбаршаванда аз хазинаи мағоза 354 ҳазору 153 сомониро қабул намуда, аз он 255 ҳазор сомониашро ба ҷабрдида дода боқимонда маблағи 99 ҳазору 153 сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда  99 ҳазору 153 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парванда ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.01.2025 8:54
15