Ифшо гардидани дуздии маблағ
Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент аризаи ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 8-уми январи соли 2025, тахминан соати 23:00 ҳангоми дар автомашинаи мусофиркшонӣ қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 40 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.