Бо корд захмӣ гардидани ҷавони 19-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 9-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 16:00, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Зокири шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон муноқиша намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, аз кисааш як адад корди бо худ доштаро гирифта, як маротиба ба баданаш зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.