Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар
15-уми январи соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ДУЛАН”, Файзуллоев Диловар Ҳуснуддинович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори тарафи рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Файзуллоев Д.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
16-уми январи соли 2025, тахминан соати 14:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЕУ-ЛАБО”, Холмадов Маъруфҷон Нормадович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳаллаи Офтобруяи шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мотосиклрон Раҳимов Савза Ҷумаевич, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа мотосиклрон Раҳимов С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ барошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.