Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ бо гумони қасдан несту нобуд кардани молу мулк
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Темурмалик 6-уми декабри соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, ба назди оғилхонаи манзили истиқоматии марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик рафта, ба коҳдонхонаи мазкур ворид шуда, бо истифода аз ашёҳои оташгирандаи газӣ (зажигалка) алафҳои хушкро оташ задааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 18 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расондааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.