Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми дуздии айфон

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 15-уми январи соли 2025, тахминан соати 14:00 ҳангоми дар назди бозори ҶДММ “Фаровон”-и шаҳри Бохтар қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи мусофиркашонии тамғаи “Газел”, 1-адад телефони мобилиаш тамғаи “Айфон-15”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

17.01.2025 9:57
12