Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ 

17 январи соли 2025 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 28-уми декабри соли 2024, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳайати олимону  донишмандон, коршиносони соҳа иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Омӯзишро Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оғоз бахшида, дар ҷараёни он Маҳмудов Давлатшоҳ Хайруллоевич, омӯзгори факултаи таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва Самиъзода Бахтиёр Салим, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маърӯзаҳо баромад  намуда, зикр карданд, ки дар асоси Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххасе медиҳанд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ аз маърузаҳои олимону коршиносон таассуроти мусбӣ бардошта, иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ менамоянд.

18.01.2025 15:33
215