Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагардон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 

15-уми январи соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело», Холов Умарали Султонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат намуданаш дар шоҳроҳи “Турсунзода-Душанбе” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода пиёдагард Содиқов Сунатулло Отабекович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард Содиқов С.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми январи соли 2025, тахминан соати 00:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», Қувватзода Сайфулло Диловар, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Бӯстон ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе дар 208-200 километри шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Шомадов Шамсиддин Фарҳодович, соли таваллудаш 2006 ва Ҳайдаров Баҳодур Ҳотамбоевич, соли таваллудаш 1980, сокинони ноҳияи Шаҳристонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шомадов Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст, пиёдагарди дигар Ҳайдаров Б. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

16.01.2025 9:29
52