Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди қаллоб

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда дар асоси ваколатномаи ҶДММ “Вантакс” моҳи апрели соли 2021 барои бартарафсозӣ ва оғози корҳои сохтмонӣ  дар иншооти сохтмони биноҳои баландошёна,  воқеъ дар кӯчаи А.Адҳамов ва дар кӯчаи Н.Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба уҳдаи худ гирифта, бо роҳи фиреб  ба боварии марди 30-солаи сокини пойтахт даромада, бори аввал маблағи 1 миллиону 240 ҳазору 800 сомонӣ ва аз санаи 23-юми ноябри соли 2021, бори 2-юм ба маблағи 1 миллиону 17 ҳазор сомонӣ, маротибаи 3-юм 267 ҳазору 341 сомонӣ, маротибаи 4-ум ба маблағи 466 ҳазору 872 сомонӣ шартнома баста гирифта ваъда додааст, ки бар ивази он шартнома аз биноҳои дар кӯчаҳои болозикршуда хонаҳои истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо гумонбаршаванда ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин, гумонбаршаванда 74 метри мураббаъро ба марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо арзиши 28 ҳазор доллари амрикоӣ, ба марди 28-солаи сокини пойтахт 98-метри мураббаъро ба арзиши 35 ҳазор доллари амрикоӣ, ба марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе 86 метри мураббаъро бо арзиши 21 ҳазору 800 доллари амрикоӣ, ба марди 39-солаи сокини пойтахт аз 8-ум қабати ин бино блоки “Г” 110 метри мураббаъро бо арзиши 450 ҳазор сомонӣ, ба зани 38-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун 109-метри мураббаъро бо арзиши 28 ҳазор доллари амрикоӣ, ба марди 39-солаи сокини пойтахт аз ошёнаи 7-уми блоки “Г” 109 метри мураббаъ дода, онҳоро дар рӯйхати саҳмгузорон дар сохтмони бинои мазкур ба ҶДММ “Вантакс” мондааст. 
Баъдан муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати  худ сарф намуда, ҷабрдидагонро аз рӯйхати саҳмдорон гирифта, сармояҳои оинномавии ҶДММ “Вантакс”-ро ба нафари дигар фурӯхтааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.01.2025 9:26
44