Даст ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ задани марди 41-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ иҷозатномаи махсуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон надорад, ғайриконунӣ амал карда, дар давраи аз соли 2023 то соли 2024 нақшаи ба шаҳри Городишеи Федератисияи Россия интиқол додани сокинони шаҳри Конибодом ва ба корҳои сохтмонӣ ҷалб намудани онҳоро таҳрезӣ намуда, мардони 39, 68, 44, 37 ва 45-солаи сокинони шаҳри мазкурро дар заминҳои кишоварзии шаҳрванди Федератсияи Россия ғайриқонунӣ ба корҳои кишоварзӣ ҷалб намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 иловаи 2 моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.