Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани якчанд ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ мактуби ҶДММ “Таджеро” ворид гардидааст, ки аз моҳи феврали соли 2023, марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ҳайси супервайзер дар ширкати мазкур кор ва фаъолият намуда, аз моҳи июли соли 2024 бо мақсади азонихудкунӣ махсулоти ширкати мазкурро ба фурӯш гузошта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки дар натиҷа ба ҶДММ “Таджеро” 19 ҳазору 11 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ мактуби ҶДММ “Таджеро” ворид гардидааст, ки аз моҳи феврали соли 2023, марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе дар ҶДММ “Таджеро”  кор ва фаъолият намуда, аз ҶДММ-и мазкур маҳсулоти хӯроквориро гирифта, ба мағозаҳо бурда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки дар натиҷа ба ҶДММ “Таджеро” 58 ҳазору 738 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини  шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дар мағозаи “Арзон”, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ аз моҳи июли соли 2016 то моҳи октябри соли 2024, ба ҳайси хазинадор кор ва фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш маблағҳои пулии мағозаи мазкур 430 ҳазор сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

15.01.2025 9:12
19