Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми 45 ҳазор доллари амрикоӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз соли 2023 ҳангоми дар ҳудуди кӯчаи Абай қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини пойтахт даромада, дар якчанд марҳила маблағи 25 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, маротибаи охир тахминан моҳи июни соли 2023 маблағи 20 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар муҳлати 2 моҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 45 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.