Содир гардидани ҷинояти роҳзанӣ бо истифода аз корд
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки қаблан соли 2006 бо моддаҳои 104 ва 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми январи соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, бо мақсади роҳзанӣ бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ шуда, дар рӯи худ ниқоб кашида, ба суи анборхонаи ҶДММ «Спитамен-Текстаёл», ки дар суроғаи деҳаи Куркати ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ҷойгир аст, ғайриқонунӣ ба дохили ҳуҷраи посбони ҶДММ-и мазкур ворид гашта, ба гардани посбони анборхонаи мазкур марди 42-солаи сокини ноҳияи Спитамен кордро монда, бо дашномҳои қабеҳ ва таҳдиди зӯроварӣ ошкоро калиди автомашинаи посбон тамғаи «Опел-Астра-Ҷ», ки дар назди даромадгоҳи анборхона қарор дошт талаб намуда, оқибат бо роҳи зӯрӣ ва таҳдид кардан калиди автомашинаро ба даст оварда, худи посбонро маҷбуран ба автомашина савор карданӣ мешавад.
Ҷабрдида муқобилият нишон дода, кордро аз гарданаш раҳо карда, аз ҷои ҳодиса гурехтааст.
Дар натиҷа, гумонбаршаванда ҷинояти худро бо сабабҳои ба ӯ вобаста набуда ба охир расонида натавониста аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.