Хонандагони ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ бо шиноснома таъмин шуданд
Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Зафаробод ташкили корҳои тарғиботӣ ва чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ дар мактабҳо фаъолияти нақшавӣ мебошад. Марҳила ба марҳила намояндагони хадамот ба мактабҳо ташриф оварда наврасони ба синни шиносномагири расидаро бо қоидаи шиносномадорӣ шинос ва дар ҳузури ҳамсолонашон дар фазои идона шиноснома медиҳанд. Чанде пеш ҳамингуна чорабинии шиносномасупорӣ дар МТМУ №2 ноҳия баргузор ва 13 нафар хонанда соҳиби шиноснома шуданд.
Мавриди зикр аст, ки хонандагон бо усулҳои соддакардашуда бе ҷалби волидон бо шиноснома таъмин гардиданд. Таҷрибаи мазкур соли панҷум аст, ки амалӣ карда мешавад. Танҳо зимни барасмиятдарории раванди шиносномагирӣ хонандагон бо роҳбаладии омӯзгор ба таври гуруҳӣ ба ХШБ ҳозир мешаванд ва баъди таҳия гардидани шиноснома кормандони хадамот шахсан шиносномаҳоро ба муассисаҳои таълимӣ дастрас ва дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш месупоранд.
Дар баробари баланд намудани маърифати ҳуқуқии наврасон чунин намуди коргузорӣ сабукие барои сокинони деҳоти дурдаст мебошад, ки мавқеъи ҷойгиршавиашон аз маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳо дур мебошад.
Дар давраи соли хониши 2024-2025 масъулини ХШБ ШВКД дар ноҳияи Зафаробод 9 маротиба вохӯрӣ ва дар 4 муассисаи таълимӣ чорабинии тантанавии шиносномасупорӣ гузаронидаанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.