Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи ба садама дучор шудани автомашина

12-уми январи соли 2025, тахминан соати 04:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», Сатторов Шерали Бахтиёрович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ба самти шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чаппи роҳи мошингард берун рафта, ба садама дучор шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Ҳасанова Мадинахон Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Хуҷанд аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

13.01.2025 8:51
43