Ошкор шудани ду ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 26-уми декабри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи хӯроквории “Зайтун”, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ -136 ба миқдори зиёд шоколоди “Дубай”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии рафиқонаш “Миралӣ ва Шоҳрух” ном шахсон содир намудааст.
Барои муайян ва дастгир намудани “Миралӣ ва Шоҳрух” чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми январи соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, барои харидорӣ намудани маҳсулотҳои хурокворӣ ба мағозаи Фирузҷони шаҳри Кӯлоб рафтааст, ки дар ин вақт шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби тарафи чапи болопуши зимистонааш 22 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.