Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 15-сола бо ҷурми авбошӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 11-уми январи соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо рафиқаш ҷавони 18-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба дар қисмати пушташ зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳоиса тафтишот идома дорад.

13.01.2025 8:43
40