Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми январи соли 2025, тахминан соати 03:30-дақиқа, дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи П.Сулаймонии шаҳри Душанбе бо оилааш зани 27-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, ӯро мавриди лату куб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнин бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.