Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 36-сола бо ҷурми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда сокинони шаҳри Конибодомро бо ваъдаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудан бо ҷойи кор, маоши хуб, шароити хуб ба ширкати истеҳсолии шириниҳои «Аманте»-и Ҷумҳурии Украина аз давраи соли 2018 то соли 2022 ба кор ҷалб намуда, шиносномаҳояшонро тариқи маҷбурӣ гирифта, то лаҳзаи баргаштанашон бо худ нигоҳ доштааст.
Гумонбаршаванда марди 33-солаи сокини шаҳри мазкурро ҳамчун фурӯшанда ба кор ҷалб намуда, ба маблағи 900 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин гумонбаршаванда марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодомро ҳамчун фурӯшанда ҷалб намуда, ба ҷабрдида 4 миллиону 800 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонида, дар натиҷа ҷабрдидаро ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор ва то имруз баргардонидани онро талаб карда истодааст.
Ҳамзамон, гумонбаршаванда ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳрро ҳамчун фурӯшанда ба кор ҷалб намуда, 2 миллиону 340 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонидааст. 
Ҳамин тариқ, гумонбаошаванда марди 44-солаи сокини шаҳри Конибодомро ҳамчун борбардор ба кор ҷалб намуда, 40 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонидааст.  
Гумонбаршаванда, марди 34-солаи сокини шаҳри мазкурро ҳамчун менеджер ба кор ҷалб намуда, ҷабрдидаро 500 ҳазор рубли русӣ қарздор карда, онро то имрӯз талаб карда истодааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2, иловаи 2, моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

11.01.2025 8:14
368