Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани якчанд ҳолати дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми июни соли 2024, шабона ҳангоми дар маҳаллаи Қӯштеппа-1 шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории “Панҷруд”, ки ба ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ додар ворид  шуда, аз онҷо маҳсулоти тамоку ва 11 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса  ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми январи соли 2025, тахминан соати 15:00, бо роҳи  пинҳонӣ  аз  хонаи истиқоматии маъшуқааш зани 28-солаи сокини ноҳияи Ашт якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда, 5 ҳазору 390 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

10.01.2025 9:51
26